Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
22 декабри соли 1977 дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2000 Донишгоҳи
техникии Тоҷикистонро ба номи М.С. Осимӣ бо ихтисоси сохтмони биноҳои саноатию
шаҳрвандӣ хатм кардааст.
Солҳои 2000-2005 ба ҳайси мутахассис дар корхонаи истеҳсолии
хоҷаги назди Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва
фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2006 дар
Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси
сармутахассиси саридораи мутобиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои меъморӣ ва
шаҳрсозӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар
Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси мутахассиси Бозрасии
давлатии сохтмон кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2009 дар
Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси мудири бахши озмоишӣ
фаъолият намудааст.
Солҳои 2009-2010 дар
Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси сардори гурӯҳи нозирони
шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2012 дар
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори Бозрасии
назорати меъморӣ-сохтмонӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 20012-2017 дар
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи
сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2020 дар
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси муовини
якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2020 дар
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори
Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2020-2022 дар
Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба ҳайси муовини Раёсат кор ва
фаъолият намудааст.
Аз 2 декабри соли 2022
дар Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи
сардори раёсат кор карда, моҳи декабри соли 2022 Сардори ин Раёсат таъин
гардидааст.
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷрокунандаи вазифа ва аз моҳи марти
соли 2025 ба вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ ва
англисиро медонад.