23 декабри соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброр, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизби аграрии Тоҷикистон Нуралӣ Ниёзов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия ва шуъбаву бахшҳо, фаъолони ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомад муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуданд.
Баъдан, вакилон доир ба иқтисодиёт, молия, саноат, нақлиёт, хизмати маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, занон ва мавқеи онҳо дар низоми давлатдорӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми дар Паём ироашуда, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудааст, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” яке дастовардҳои асосии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ буда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои мубрами глобалии сайёра шинохта шудааст.
Инчунин гуфта шуд, ки дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дар охир вакилон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Шоҳмансур аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафт ва ободии ноҳия саҳми арзанда хоҳанд гузошт.