Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва раҳнамо барои зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик буда, дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои сиёсати дохилию хориҷии давлатро бо самтҳои рушду инкишофи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, роҳу нақлиёт, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро таҳлил намуда, ҳамзамон, онҳоро бо нишондиҳандаҳои муқоисавии назаррас баҳогузорӣ карданд.
Муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16 декабри соли 2025 таҳлили даҳ соли охири дастовардҳои кишварро дар бар гирифта, Паём аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин як давраи ҳассос, яъне ҷангҳои локалӣ дар гушаю канори дунё, буҳронӣ ҷаҳонӣ кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин мушкилии мубрамро паси сар намуда истодааст. Соли 2025 барои кишвари мо ҳамчун соли бобарор арзёбӣ шуда, заминаи аслии он мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад. Оқилона ва мақсаднок ба роҳ мондани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “...барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид”.
Омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, ки на танҳо вазъи иқтисодиёт дар ҳолати мутавозун нигоҳ дошта шавад, балки пешравии иқтисодию иҷтимоӣ низ таъмин гардад. Ин нукта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд, аз ҷумла “...дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”.
Пешвои миллат барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа мебошад. Таҳлилҳои амиқи Сарвари давлат дар Паём гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд. Барои ҳар як фарди равшанфикр, худшиносу худогоҳ возеҳ аст, ки дар ҷумҳурӣ давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд, ки “...дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”.
Вобаста ба чанд нуктаи болозикр бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба рушди технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд карданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои васеи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки дар ҳама соҳаҳо аз он самаранок истифода бурда, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд: “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”.
Ҳангоми ироаи Паём бори дигар собит гардид, Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ амалӣ менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Таъкид гардид, ки “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Яке аз масъалаҳои дигаре ки дар Паёми солонаи Роҳбари давлат ироа гардид ин масъалаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми арзанда бояд бигузоранд: “Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Мо пайравони содиқи Пешвои миллат бояд Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун китоби рӯимизии худ қарор дода, ҳар як сухани Сарвари давлатамонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем ва ҳама дастаҷамъона паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар истода, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватани озоду соҳибистилол, дунявӣ ва демократии хеш, гиромидошти таърих, фарҳанг, забону адабиёти бою ғании миллати худ баҳри ободкории ин Ватан – Тоҷикистони азиз тамоми қувва, талош ва заҳмати худро дареғ намедорем.