Соҳаи маориф дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос ва афзалиятнок дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз тавассути рушди илму маориф метавон ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин намуд. Бо дарназардошти ҳамин нуқта, кормандони соҳаи маориф Паёми Пешвои муаззами миллатро бо руҳбаландӣ истиқбол намуда, фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои он ба роҳ мемонанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ рушди соҳаҳои илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардаанд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, дастгирии илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва кафолати пойдории давлат мебошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта, дар айни замон зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар Паёми соли 2025 зикр гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дорад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мусоидат намудааст.
Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи маориф омӯзгор қарор дорад. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ боис гардидаанд, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадриҷан таҳким ёбад. Имрӯз омӯзгор на танҳо муаллим, балки тарбиятгари насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъули ҷомеа маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ нақши калидии омӯзгорро дар рушди давлату ҷомеа таъкид намуда, чунин иброз доштаанд:
«Омӯзгор чароғи маърифат ва раҳнамои ҷомеа мебошад. Пешрафти давлату миллат бевосита ба сатҳи дониш ва масъулияти омӯзгор вобаста аст».
Ҳамчунин, Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Мо ба омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва асосгузори ҷомеаи солим эҳтироми хосса дорем ва дастгирии ин қишри ҷомеаро вазифаи муқаддаси давлат мешуморем».
Дар идомаи ҳамин андеша зикр гардидааст: «Бе омӯзгори соҳибкасб ва ватандӯст тарбияи насли донишманд ва бунёди ҷомеаи пешрафта ғайриимкон аст».
Дар Паёмҳои Пешвои миллат ба масъалаи бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо кӯдакистон ва ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардидаанд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки дар маҳалҳое, ки шумораи аҳолӣ зиёд аст, таъсиси муассисаҳои томактабӣ бояд ҳатмӣ бошад, то фарогирии кӯдакон ба таҳсил бештар гардад.
Ҳамзамон баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки маорифи тоҷик ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ, аҳамияти хосса касб намудааст. Қабули Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имкон фароҳам овард, ки насли наврас ба донишҳои муосир мусаллаҳ гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Дар баробари ин, омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳамчун омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва илми кишвар дар Паёмҳои Пешвои миллат мавқеи калидӣ дорад. Эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба ташаккули тафаккури илмӣ, рушди инноватсия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки илм неруи асосии пешрафти давлат мебошад. Имрӯз таваҷҷуҳ ба илмҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ихтисосҳои нав таъсис дода мешаванд. Ин иқдомҳо ба рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор мегузоранд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва роҳнамо самтҳои асосии рушди давлату ҷомеаро муайян менамояд. Таҳлили Паёми навбатӣ аз 16 декабри соли 2025 бори дигар собит месозад, ки маориф ва илм дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори мамлакат баррасӣ мешаванд. Афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ, таваҷҷуҳ ба мақоми омӯзгор, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир шаҳодати равшани ғамхории давлат нисбат ба насли наврас ва рушди зеҳнии ҷомеа мебошад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаи маорифро дучанд намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда ҳидоят мекунанд. Бидуни шак, татбиқи пайгиронаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат омили асосии таъмини ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол хоҳад буд.