ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
30.03.2026
Вобаста ба баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ба масъулини вазоратҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия хабар дода мешавад, ки баргузории даври ноҳиявии озмуни мазкур рӯзи 17-уми апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Иштирокчиён метавонанд протокол ва руйхати ғолибони даври муассисавиро ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе то санаи 14.04.2026 пешниҳод намоянд.
Нишонӣ: кӯчаи Айнӣ 20, телефонҳо барои маълумоти бештар: 2270683, 900284001, 987777373