15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамоторо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ибтидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ко Сакамотороро ба муносибати таъйин шуданатон ба вазифаи Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон табрик гуфта, дар фаъолияти пурмаҳсулашон дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкориҳо байни Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба оид ба рушди соҳаи нақлиёту энергетика, обтаъминкунӣ ва корез, иқтисоди сабз, инчунин рақамикунонии онҳо табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.