15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР - КАФОЛАТИ РУШДИ ҶОМЕАИ УСТУВОР

Маориф пояи асосии рушди давлат ва ҷомеа буда, омӯзгор неруи калидии ин раванд маҳсуб меёбад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм, дониш ва тарбия ба омили асосии рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд, баланд бардоштани мақом ва нуфузи омӯзгор аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Омӯзгор меъмори ақлу маърифати инсон ва тарбиятгари насли ояндаи давлат мебошад». Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Лоиҳаи мазкур мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҳадафи он танзими мақоми ҳуқуқии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои касбӣ мебошад. Ин санади муҳим бори дигар собит месозад, ки давлат ба омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва шахсияти калидӣ дар ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат эҳтироми хосса қоил аст. Дар ҳамин замина, пас аз муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба, санаи 17 декабри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷониби Сарвари давлат имзо гардид. Қабули ин қонун бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат нисбат ба рушди соҳаи маориф ва, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳо ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор мебошад. Ин иқдоми муҳим бори дигар нишон медиҳад, ки омӯзгор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, дастгирии ӯ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қонун на танҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгорро мушаххас менамояд, балки муносибати ҷомеа ва мақомоти давлатиро нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Чуноне Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Ояндаи давлат аз сатҳи донишу маърифати насли наврас вобаста аст ва ин масъулият пеш аз ҳама бар дӯши омӯзгор меафтад». Дар қонун мафҳуми «мақоми омӯзгор» ҳамчун маҷмӯи вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ муайян шудааст. Таъкид мегардад, ки шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, ҳама гуна амалҳои пастзанандаи қадру қимати ӯ қатъиян манъ мебошанд. Ин меъёр ба таҳкими нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, боло рафтани эҳтиром нисбат ба касби омӯзгорӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия мусоидат мекунад. Қонун доираи васеи ҳуқуқҳои омӯзгорро пешбинӣ менамояд. Омӯзгор ҳуқуқ дорад шакл ва усулҳои таълимро интихоб намояд, фаъолияти эҷодию инноватсионӣ пеш барад, сатҳи дониш ва малакаи таълимгирандагонро мустақилона ва воқеъбинона баҳогузорӣ кунад, аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузарад ва аз ҳифзи иҷтимоӣ бархурдор бошад. Ин нукта бо андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг аст, зеро эшон таъкид менамоянд: «Баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо вазифаи муқаддаси давлат мебошад». Дар баробари ин, уҳдадориҳои омӯзгор низ ба таври возеҳ муайян шудаанд. Омӯзгор вазифадор аст қонунгузориро риоя намояд, сифати баланди таҳсилотро таъмин кунад, таълимгирандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намояд ва аз ҳар гуна амалҳои ғайрикасбӣ худдорӣ кунад. Ин тавозун байни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо заминаи фаъолияти босамар ва масъулиятноки омӯзгорро фароҳам меорад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими қонун кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгор мебошад. Давлат ба омӯзгор фаъолияти озоди касбӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, муоинаи тиббӣ ва шароити мусоиди кориро кафолат медиҳад. Барои омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, имтиёзҳои иловагӣ, аз ҷумла таъмини манзили истиқоматӣ ё ҷудо намудани қитъаи замин пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардида, барои натиҷаҳои баланди шогирдон дар олимпиадаҳо ва озмунҳо ҳавасманд карда мешаванд. Қонун дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро яке аз принсипҳои асосӣ эътироф мекунад. Ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайрисоҳавӣ, санҷишу назорати беасос ва дахолати шахсони ғайримасъул ба раванди таълиму тарбия манъ карда мешавад. Ин меъёр омӯзгорро аз фишор ва монеаҳои маъмурӣ ҳифз намуда, барои тамаркуз ба вазифаи асосӣ — таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам меорад. Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» санади муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, ба таҳкими мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва рушди устувори соҳаи маориф равона гардидааст. Дар он мақоми ҳуқуқӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор ба таври возеҳ муайян шудаанд. Қабули ин қонун гувоҳи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии соҳаи маориф ва қадршиносии заҳмати омӯзгорон мебошад. Татбиқи самараноки меъёрҳои қонун ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия ва тарбияи насли соҳибмаърифат мусоидат намуда, заминаи устувори рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро таъмин хоҳад кард. Бобозода АСОМИДДИН, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур