15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ҳадаф – қуллаҳои нав дар майдони футбол

Имрӯз дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди варзиш Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо бо ҳайати роҳбарият, мураббиён ва футболбозони бошгоҳи футболи “Шоҳмансур” мулоқоти самимӣ анҷом дод. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур баррасии дастовардҳои даста, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва нақшаҳо барои мавсими нав ба шумор рафта, инчунин қайд гардид, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои беҳтар кардани шароити тамрини футболбозон ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии даста тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Ҳамзамон ҳавасмандгардонии як қатор бозингарони беҳтарин, мураббиён, ки дар рушди футболи ноҳия саҳми арзанда доранд, аз мадди назар дур нест. Иштироки бомуваффақияти КФ “Шоҳмансур” дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ, пеш аз ҳама ифтихори ноҳия ба шумор рафта, навъи варзиши рақами як дар ҷаҳон – футбол воситаи беҳтарини муттаҳидсозии наврасону ҷавонони ноҳия ба шумор меравад. Дар идомаи суҳбат Раиси ноҳия зикр намуд, ки “Мо боварии комил дорем клуби футболи “Шоҳмансур” дар ояндаи наздик яке аз дастаҳои пешсафи кишвар гардида, дастпарварони он шарафи футболи тоҷикро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи футболи байналмилалӣ ҳимоя хоҳан кард. Дар анҷоми вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки майдони тамрини варзишии даста дар ноҳия аз таъмири ҷорӣ ба зудӣ бароварда шавад. Ёдовар мешавем, ки дастаи КФ “Шоҳмансур” ҳамчун клуби футбол барои ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба варзиш ва тарбияи дурусти онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ фаъолият дорад ва хушбахтона дастаи мазкур дар мавсими нави футболи кишвар дар Лигаи якум Тоҷикистон сабқат хоҳад кард.